21-уми апрел, дар шаҳри Левакант бо ибтикори масъулини Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази иммунопрофилактика ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 як чорабинии муҳими маърифатӣ баргузор…
21-уми апрел, дар шаҳри Левакант бо ибтикори масъулини Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази иммунопрофилактика ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 як чорабинии муҳими маърифатӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар доираи Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия ташкил шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон, оид ба аҳамияти ваксина ва пешгирии бемориҳои сироятӣ буд. Дар ҷараёни мулоқот, масъулин бо роҳбарияти муассиса ва хонандагони синфҳои 11 вохӯрӣ анҷом дода, дар шакли лексияҳои фаҳмо ва муфассал доир ба бемориҳои сироятие, ки тавассути ваксина пешгирӣ мешаванд, маълумот пешниҳод намуданд.
Зикр гардид, ки иммунизатсия яке аз роҳҳои муассири ҳифзи саломатии инсон ба ҳисоб рафта, метавонад аз паҳншавии бемориҳои хатарнок, аз қабили сурхча, гепатит ва дигар сироятҳо пешгирӣ намояд.
Баромадкунандагон таъкид карданд, ки риояи саривақтии тақвими миллии эмгузаронӣ барои ҳар як шаҳрванд, махсусан кӯдакон ва наврасон, ниҳоят муҳим мебошад.
Ҳамчунин, дар ҷараёни суҳбат ба иштирокчиён оид ба тарзи ҳаёти солим, қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ маслиҳатҳои муфид дода шуданд. Хонандагон ба саволҳои худ посух гирифта, дониши худро дар ин самт ғанӣ гардониданд.
Дар фарҷом, ташкилкунандагон изҳор доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои ташаккули фарҳанги тиббӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон нисбат ба саломатии худ ва ҷомеа мусоидат намуда, дар пешгирии бемориҳои сироятӣ нақши муҳим мебозад.