eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: ОБОДОНӢ ВА БЕҲДОШТ АЗ ҶОНИБИ ШАҲРДОРӢ
Главная
More
Исполнительный орган государственной власти города Левакант
Новости
ЛЕВАКАНТ: ОБОДОНӢ ВА БЕҲДОШТ АЗ ҶОНИБИ ШАҲРДОРӢ
Единый портал государственных услуг
23 апреля 2026
ЛЕВАКАНТ: ОБОДОНӢ ВА БЕҲДОШТ АЗ ҶОНИБИ ШАҲРДОРӢ
22-юми апрел, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ва таъмиру навсозии иншооти муҳими шаҳр аз як қатор мавзеъҳо дидан кард. Зимни боздид, раиси шаҳр аз ҳолати гулгаштҳо ва хиёбонҳои…
22-юми апрел, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ва таъмиру навсозии иншооти муҳими шаҳр аз як қатор мавзеъҳо дидан кард.
Зимни боздид, раиси шаҳр аз ҳолати гулгаштҳо ва хиёбонҳои марказӣ дидан намуда, ба масъулон барои беҳтар нигоҳ доштани тозагӣ, сабзкорию ободонӣ ва таъмини муҳити зебои шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки нигоҳдории дурусти иншооти ҷамъиятӣ ва гулгаштҳо на танҳо ба зебоии шаҳр, балки ба рӯҳияи сокинон низ таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамзамон, Муминзода Мастура Табарӣ аз рафти корҳои таъмиру таҷдид дар шуъбаи касалиҳои сироятии беморхонаи марказии шаҳр боздид намуд. Ба иттилои масъулон, айни замон корҳои навсозӣ бо суръати хуб идома дошта, барои беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Раиси шаҳр ба сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ диққати махсус дода, таъкид кард, ки ҳамаи корҳои таъмирӣ бояд бо риояи стандартҳои муосир ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шаванд.
Дар идомаи сафари корӣ, инчунин дигар корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба беҳтарсозии инфрасохтор, таъмини тозагӣ ва густариши корҳои сабзкорӣ муҳокима шуданд.
Ҳамзамон, раиси шаҳр изҳор дошт, ки рушди устувори шаҳр ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сокинон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ба шумор меравад. Вай аз масъулон даъват ба амал овард, ки бо ҳисси баланди масъулият барои пешбурди корҳои ободонӣ ва хизматрасонии босифат саъю кӯшиш намоянд.