22-юми апрел, дар доираи нақша-чорабиниҳои Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат, бахшида ба таҷлили 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, семинар-машварат бо иштироки омӯзгорони фанни таърихи муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар…
22-юми апрел, дар доираи нақша-чорабиниҳои Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат, бахшида ба таҷлили 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, семинар-машварат бо иштироки омӯзгорони фанни таърихи муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар Литсейи давлатии №2-и шаҳр доир шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати таърихии омӯзгорон ва тақвияти корҳои тарбиявӣ дар самти бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонону наврасон арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни семинар раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант Ҳикматулло Султонов ва котиби ташкилот суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти таърихии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, саҳми мардуми тоҷик дар он ва зарурати зинда нигоҳ доштани хотираи қаҳрамонон андешаронӣ карданд.
Зикр гардид, ки омӯзгорони фанни таърих дар тарбияи насли наврас нақши калидӣ доранд ва бояд бо истифода аз усулҳои муосири таълим ва мисолҳои воқеии таърихӣ, дар шогирдон эҳсоси ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ватандӯстиро ташаккул диҳанд.
Ҳамчунин ба омӯзгорон тавсия дода шуд, ки дар дарсҳо ва чорабиниҳои беруназсинфӣ бештар ба мавзӯъҳои марбут ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз таҷрибаи собиқадорон ва маводи бойгониву ҳуҷҷатӣ истифода баранд.
Дар фарҷоми семинар иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами таълими таърих, роҳҳои ҷалби хонандагон ба омӯзиши амиқи гузашта ва тақвияти робитаи мактаб бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Чорабинӣ дар фазои созанда баргузор гардида, барои такмили малакаи касбии омӯзгорон ва густариши корҳои тарбиявӣ заминаи мусоид фароҳам овард.