eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Главная
More
Исполнительный орган государственной власти города Левакант
Новости
ЛЕВАКАНТ: ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
23 апреля 2026
ЛЕВАКАНТ: ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
14 мая 2026
ЛЕВАКАНТ: РАИСИ ШАҲР ФАЪОЛИЯТИ БУНГОҲҲОИ САЛОМАТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ «ГУЛИСТОН»-РО МАВРИДИ САНҶИШ ҚАРОР ДОД
14 мая 2026
ЛЕВАКАНТ: ШАҲРДОРӢ ВА ФАЪОЛОН БА ЯК ОИЛАИ НИЁЗМАНД МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ МЕСОЗАНД
14 мая 2026
ЛЕВАКАНТ: ПЕШГИРИИ БЕГОНАПАРАСТӢ ВА ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ
14 мая 2026
ЛЕВАКАНТ: ДАР ЛИТСЕЙИ ДАВЛАТИИ №1 ВОБАСТА БА ШАҲРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ВА МАВЗУҲОИ МУҲИМИ РӮЗ ВОХӮРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
14 мая 2026
РАИСИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ АЗ МИНТАҚАИ СЕЛЗАДАИ ДЕҲАИ ЗАҒЕРТУТ БОЗДИД КАРД
14 мая 2026
ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ ВА МАСЪАЛАГУЗОРӢ
14 мая 2026
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ МУҲИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Единый портал государственных услуг
22-юми апрел, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Адолати Маҳмадалӣ тибқи нақшаи корӣ ва дар доираи ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо интихобкунандагони худ мулоқоти судманд анҷом дод. Вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Гулистон бо…
22-юми апрел, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Адолати Маҳмадалӣ тибқи нақшаи корӣ ва дар доираи ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо интихобкунандагони худ мулоқоти судманд анҷом дод.
Вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Гулистон бо усули хона ба хона баргузор гардида, дар раванди он масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва маърифатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба сокинон аҳамияти корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ фаҳмонда дода шуд.
Ҳамзамон, вакил дар суҳбат бо мардум оид ба пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, бегонапарастӣ ва зиёдаравӣ таъкид намуда, зарурати риояи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла худдорӣ аз пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона ва нигоҳдории тозагию ободонӣ дар хона ва маҳаллаҳоро муҳим арзёбӣ кард.
Қайд гардид, ки чунин корҳои таблиғотӣ қаблан низ баргузор гардида буданд ва имрӯз аллакай натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд. Сокинон ба таъмиру тармим ва рангубори манзилҳои худ оғоз намуда, барои ободу зебо гардонидани муҳити зист саҳмгузор шудаанд.
Дар маҷмӯъ, баргузории чунин мулоқотҳо ба баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва таҳкими ҳисси масъулияти онҳо дар ободонии маҳал мусоидат менамояд.