20-уми апрел, дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант бо иштироки муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон ва як гурӯҳ фаъолон чорабинии муҳими маърифатӣ баргузор гардид. Ин иқдом дар доираи сиёсати давлат оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию иҷтимоии аҳолӣ амалӣ шуда, тариқи усули «хона ба хона» бо сокинон суҳбату вохӯриҳои мустақим анҷом дода шуд.
Зимни мулоқотҳо ба сокинон масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии омилҳои номатлуб, хурофотпарастӣ ва таълимоти ғайриқонунии диннӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Таъкид гардид, ки чунин падидаҳо метавонанд ба суботи ҷомеа таъсири манфӣ расонида, боиси коста гардидани арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ гарданд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд бо ҳисси масъулият ба ҳифзи фазои солими ҷомеа саҳмгузор бошад.
Ҳамчунин, дар рафти суҳбатҳо ба масъалаи пешгирии одатҳои бад, аз ҷумла тамокукашӣ, нашъамандӣ ва дигар рафторҳои зараровар диққати махсус дода шуд. Зикр гардид, ки тарзи ҳаёти солим омили асосии нигоҳдории саломатии ҷомеа буда, ҳар як оила бояд дар тарбияи фарзандон ба ин масъала аҳаммияти ҷиддӣ диҳад.
Яке аз самтҳои муҳими вохӯрӣ ин фаҳмондадиҳӣ оид ба бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо буд. Ба сокинон тавсия дода шуд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, ба саломатии худ ва атрофиён беаҳамият набошанд.
Дар идомаи мулоқотҳо масъалаи пушидани либосҳое, ки ба фарҳанги миллии тоҷикон бегона мебошанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки ҳифзи фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои ниёгон яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванд мебошад.
Ҳамзамон, ба сокинон доир ба самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ тавсияҳои амалӣ дода шуданд. Қайд гардид, ки истифодаи дурусти замин метавонад ба беҳтар шудани вазъи иқтисодии оилаҳо мусоидат намояд.
Масъалаи таълиму тарбияи дурусти насли наврас низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Муовини раиси шаҳр аз падару модарон даъват ба амал овард, ки ба тарбияи фарзандон диққати бештар дода, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи қонунҳо ба воя расонанд.