Асноди ҳолати шаҳрвандӣ яке аз рукнҳои муҳимми танзими ҳуқуқии ҳаёти инсон ба ҳисоб рафта, амалу воқеаҳое мебошанд, ки боиси ба вуҷуд омадан, тағйир ё қатъ гардидани ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрванд мегарданд. Ин аснод вазъи ҳуқуқии шахсро муайян намуда, дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ нақши калидӣ мебозанд.
Ба ҷумлаи чунин ҳолатҳо таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ, инчунин иваз намудани насаб, ном ва номи падар дохил мешаванд. Ҳар яке аз ин ҳолатҳо дар ҳаёти инсон тағйироти ҷиддӣ ворид намуда, на танҳо ба вазъи ҳуқуқии ӯ, балки ба ҷаҳонбинию муносибатҳои иҷтимоии ӯ таъсир мерасонанд.
Яке аз муҳимтарин марҳилаҳои зиндагии инсон — бастани ақди никоҳ мебошад. Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандон барои бақайдгирии давлатии никоҳ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат менамоянд. Баъд аз бақайдгирии расмии никоҳ, шахс ба зиндагии мустақилона ворид гардида, уҳдадориҳои навро бар дӯш мегирад. Ин марҳила аз ҷавонон омодагии ҷиддии равонӣ ва иҷтимоиро талаб менамояд. Муносибати эҳтиромона, муҳаббат ва масъулиятшиносӣ дар оила асоси устувории он ба шумор меравад.
Марҳилаи дигари муҳими зиндагӣ — таваллуди фарзанд мебошад. Бо ба дунё омадани кӯдак, шахс мақоми падар ё модарро касб мекунад. Ин мақом масъулияти бузургро тақозо намуда, волидайнро вазифадор месозад, ки фарзанди худро дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Тибқи тадқиқоти равоншиносӣ, муҳити оилавӣ ва рафтори волидайн дар ташаккули шахсияти кӯдак таъсири амиқ мегузорад. Аз ин рӯ, ҳар як сухан ва амали калонсолон метавонад дар зеҳни кӯдак нақш бандад ва ба ояндаи ӯ таъсир расонад.
Дар ҳолатҳое, ки оилаҳо бо мушкилоти бефарзандӣ рӯ ба рӯ мешаванд, фарзандхондӣ метавонад роҳи ҳалли масъала гардад. Бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки соҳиби фарзанд гардида, муҳаббат ва гармии оилавиро эҳсос намоянд. Ин амал на танҳо ба зиндагии падару модари нав, балки ба тақдири кӯдак низ тағйироти мусбат меорад.
Ҳамчунин, муқаррар намудани падарӣ низ аз ҷумлаи ҳолатҳои муҳим мебошад. Дар баъзе мавридҳо, бо сабабҳои гуногун, никоҳ расман ба қайд гирифта намешавад, аммо баъд аз таваллуди кӯдак масъалаи муайян намудани падарӣ ба миён меояд. Бо муроҷиат ба мақомоти дахлдор ва гузаронидани расмиёти қонунӣ, насаби падар ба кӯдак дода мешавад, ки ин ба таъмини ҳуқуқҳои ӯ мусоидат мекунад.
Иваз намудани насаб, ном ва номи падар низ метавонад ба зиндагии шаҳрванд таъсири ҷиддӣ расонад. Баъзе шаҳрвандон бо номҳое зиндагӣ мекунанд, ки ба фарҳанги миллӣ ё меъёрҳои иҷтимоӣ мувофиқат намекунанд. Бо дарназардошти феҳристи номҳои миллӣ ва қонунгузорӣ, онҳо метавонанд номҳои худро иваз намуда, ба худшиносӣ ва эҳтироми иҷтимоӣ ноил гарданд.
Аз тарафи дигар, бекор кардани ақди никоҳ низ яке аз ҳолатҳои таъсиргузор дар ҳаёти инсон мебошад. Гарчанде оила бояд муҳити муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ бошад, дар баъзе ҳолатҳо ихтилофҳо ба ҷудошавӣ оварда мерасонанд. Бекор кардани никоҳ тавассути мақомоти дахлдор анҷом дода шуда, пас аз он дар ҳаёти ҳар як шахс тағйироти равонӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносӣ дар муносибатҳои оилавӣ аҳаммияти калон дорад.
Ҳолати дигар — бақайдгирии вафот мебошад, ки яке аз марҳилаҳои ғамангези зиндагӣ ба шумор меравад. Аз даст додани шахси наздик ба рӯҳияи инсон таъсири сахт расонида, давраи душворро ба миён меорад. Бақайдгирии расмии вафот барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ зарур аст.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси оила ва дигар санадҳои меъёрӣ, барои танзими муносибатҳои оилавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон заминаи мустаҳкам фароҳам овардааст. Давлат ҳимояи оиларо кафолат дода, онро ҳамчун рукни асосии ҷомеа эътироф менамояд.
Оила дар фарҳанги миллати тоҷик ҷойгоҳи муқаддас дошта, маҳз дар доираи он арзишҳои муҳими инсонӣ — муҳаббат, садоқат, вафодорӣ ва эҳтиром ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд барои нигоҳдории устувории оила ва тарбияи насли солим саҳми худро гузорад.
Дар маҷмӯъ, асноди ҳолати шаҳрвандӣ на танҳо ҳуҷҷатҳои расмӣ, балки инъикосгари марҳилаҳои муҳими ҳаёти инсон мебошанд. Онҳо бо ҳар як тағйироти зиндагӣ ҳамқадам буда, барои танзими муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ нақши ҳалкунанда мебозанд. Аз ин лиҳоз, донистан ва риоя намудани қонунгузорӣ дар ин самт барои ҳар як шаҳрванд зарур ва муҳим мебошад.
Сафарзода Зинатгул Ҳотам - мудири бахши САҲШ-и Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, мушовири адлияи дараҷаи 3