Субҳи 18-уми апрел, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ бо сафари корӣ аз хоҷагии деҳқонии «Загертут» дидан намуда, бо ҷараёни парвариши картошка дар ин хоҷагӣ аз наздик шинос гардид. Масъулон иттилоъ доданд, ки барои баланд бардоштани…
Субҳи 18-уми апрел, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ бо сафари корӣ аз хоҷагии деҳқонии «Загертут» дидан намуда, бо ҷараёни парвариши картошка дар ин хоҷагӣ аз наздик шинос гардид.
Масъулон иттилоъ доданд, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз усулҳои муосири агротехникӣ истифода бурда шуда, корҳои кишт мутобиқ ба талаботи соҳа ба роҳ монда шудаанд.
Қайд гардид, ки картошка яке аз зироатҳои асосии кишоварзӣ ба шумор рафта, дар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва беҳтар кардани сифати маҳсулот аз ҳадафҳои муҳими хоҷагӣ маҳсуб меёбад.
Муминзода Мастура Табарӣ зимни суҳбат таъкид намуд, ки бояд имкониятҳои мавҷуда пурра истифода шуда, масоҳати кишти картошка васеъ гардонида шавад. Ӯ ҳамчунин зарурати истифодаи нуриҳои минералӣ, обёрии саривақтӣ ва риояи қоидаҳои агротехникиро муҳим арзёбӣ кард.
Дар идома раиси шаҳр ба масъулон дастур дод, ки барои дастгирии деҳқонон ва рушди соҳа тадбирҳои иловагӣ андешида, ҳамзамон корҳои машваратӣ ва омӯзиширо миёни кишоварзон тақвият диҳанд.