18-уми апрел, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ бо сафари корӣ аз мавзеъҳои хуруҷи малах дар ҷамоатҳои деҳоти «Ваҳдат» ва «Гулистон» дидан намуд. Ҳадафи асосии ин боздид шиносоӣ бо раванди корҳои мубориза бар зидди ин ҳашароти зараровар ва таъмини самаранокии тадбирҳои андешидашуда буд.
Зимни боздид раиси шаҳр бо фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ва мутахассисони соҳа аз наздик шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои мусбат дод. Қайд гардид, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии малах ва ҳифзи заминҳои кишоварзӣ тадбирҳои саривақтӣ ва мувофиқ ба роҳ монда шудаанд.
Мутахассисон иттилоъ доданд, ки дар мавзеъҳои зикршуда коркарди заминҳо бо истифода аз дорувориҳои махсус ба таври мунтазам гузаронида шуда истодааст. Инчунин, барои пешгирии хисороти эҳтимолӣ ба зироатҳои кишоварзӣ, назорати доимӣ аз болои минтақаҳои хавфнок пурзӯр карда шудааст.
Раиси шаҳри Левакант зимни суҳбат бо масъулон таъкид намуд, ки мубориза бар зидди малах бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, ҳамаи имкониятҳо барои ҳифзи ҳосили деҳқонон сафарбар карда шаванд. Ӯ ҳамзамон дастур дод, ки ҳамоҳангии байни сохторҳои дахлдор тақвият дода шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ низ бештар ба роҳ монда шаванд.
Ҳамзамон Муминзода Мастура Табарӣ аз масъулон талаб намуд, ки корҳои мубориза бар зидди малахро боз ҳам ҷоннок намуда, барои пешгирии паҳншавии ин ҳашароти зараровар чораҳои иловагӣ андешанд. Қайд гардид, ки танҳо бо ҳамкории зич ва тадбирҳои саривақтӣ метавон хатарро коҳиш дода, амнияти озуқавории минтақа ҳифз гардад.Сафари кории раиси шаҳри Левакант ба мавзеъҳои мубориза бар зидди малах
18-уми апрел раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ бо сафари корӣ аз мавзеъҳои хуруҷи малах дар ҷамоатҳои деҳоти «Ваҳдат» ва «Гулистон» дидан намуд. Ҳадафи асосии ин боздид шиносоӣ бо раванди корҳои мубориза бар зидди ин ҳашароти зараровар ва таъмини самаранокии тадбирҳои андешидашуда буд.