16-уми апрел, дар шаҳри Левакант тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мулоқоту вохӯрии судманд бо сокинони деҳаи Нурафшони ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи усули “Деҳа ба деҳа” сурат…
16-уми апрел, дар шаҳри Левакант тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мулоқоту вохӯрии судманд бо сокинони деҳаи Нурафшони ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи усули “Деҳа ба деҳа” сурат гирифта, ҳадафи асосии он расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, инчунин баррасии масъалаҳои муҳими рӯз ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ мегардад.
Дар вохӯрии мазкур гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон иштирок намуда, бо сокинон суҳбати судманд анҷом доданд.
Зимни баромад, Баротзода Шарифхон нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакатро шарҳу тавзеҳ дода, аҳамияти онро дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъкид намуд. Ӯ ҳамчунин оид ба дастгириҳои давлатӣ, пешрафти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ва нақши шаҳрвандон дар таҳкими сулҳу субот ибрози назар кард.
Дар рафти мулоқот, ҳамчунин дигар масъалаҳои доғи рӯз, аз ҷумла тарбияи насли ҷавон, риояи қонунҳо, ободонӣ ва беҳдошти муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Левакант Холиқов Манучеҳр вобаста ба пешгири аз ҳолатҳои фавқулода фаҳмондадиҳӣ намуда, кормандони ин ниҳод ба сокинон иттиловарақаҳо тақсим карданд.
Сокинони деҳа низ фаъолона иштирок намуда, фикру пешниҳодҳои худро баён карданд. Масъулон ба саволҳои сокинон посухҳои мушаххас дода, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда тавсияҳо пешниҳод намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки чунин вохӯриҳо дар доираи усули “Деҳа ба деҳа” ба таҳкими робитаи байни мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ мусоидат намуда, заминаи мусоид барои ҳалли саривақтии масъалаҳои маҳаллӣ фароҳам меоранд.