Бо мақсади рушди футбол ва дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ дар кишвар, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Муассисаи давлатии Клуби футболи «Сарбанд» таъсис дода шуд. Қарори таъсиси клуб аз 28-уми июни соли 2025, таҳти…
Бо мақсади рушди футбол ва дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ дар кишвар, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Муассисаи давлатии Клуби футболи «Сарбанд» таъсис дода шуд. Қарори таъсиси клуб аз 28-уми июни соли 2025, таҳти рақами 23 ба тасвиб расида, он ба як марҳилаи муҳими рушди футбол дар сатҳи маҳаллӣ замина гузошт.
Клуби футболи «Сарбанд» имрӯз дорои сохтори мукаммал буда, аз директор, сармураббӣ ва мураббӣ, 32 нафар бозингар ва дастаи наврасони то 18-сола (U-18) иборат мебошад. Аъзои даста мунтазам ба машқу тамрин фаро гирифта шуда, барои иштирок дар мусобиқаҳои гуногун омодагӣ мебинанд.
Қадами нахустини ҷиддии даста дар арсаи рақобат рӯзи 16-уми апрел дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои футболи Лигаи 2-юми минтақаи Бохтар гузошта мешавад. 16-уми апрел, соати 16:00 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Левакант дастаи «Сарбанд»-и Муассисаи давлатии Клуби футбол, нахустин бозии худро бо дастаи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав анҷом медиҳад.
Ин дидор на танҳо як бозии оддӣ, балки оғози роҳи нави дастаи ҷавон ва пуриқтидор ба ҳисоб меравад. Умед аст, ки «Сарбанд» бо ҷалби ҷавонони лаёқатманд ва ташкили дурусти машқу тамринҳо метавонад дар оянда ҷойгоҳи худро дар футболи кишвар пайдо намояд.
Таъсиси чунин клубҳо барои рушду оммавигардонии футбол, тарбияи варзишгарони касбӣ ва муаррифии истеъдодҳои нав дар сатҳи миллӣ аҳамияти бузург дорад.