Дар солҳои охир масъалаи сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ба яке аз мавзӯъҳои муҳими соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари дорои сатҳи…
Дар солҳои охир масъалаи сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ба яке аз мавзӯъҳои муҳими соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари дорои сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатӣ ин бори масъулиятро ба дӯш дорад.
Шаҳрвандони мамлакат бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва таъмини устувории иқтисодии оила ба кишварҳои гуногун, хусусан ба Федератсияи Россия, сафар мекунанд. Ин ҳолат бештар ба мавҷудияти ҷойҳои корӣ, сатҳи нисбатан баланди музди меҳнат, осонии сафар ва робитаҳои таърихию иҷтимоӣ вобаста мебошад.
Вазъияти номусоиди эпидемиологӣ дар баъзе кишварҳои хориҷӣ, махсусан дар минтақаҳои қабули муҳоҷирон, яке аз омилҳои афзоиши хатари сирояти ВНМО ба ҳисоб меравад.
Маҳз дар чунин муҳити муҳоҷират сатҳи пасти огоҳӣ, дурӣ аз оила, алоқаи ҷинсии муҳофизатнашуда, майл ба одатҳои зараровар, инчунин дастрасии маҳдуд ба хизматрасониҳои тиббӣ, ташхис ва машварат боиси афзоиши хатари сироятёбӣ мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо мушкилоти ҳуҷҷатгузорӣ ва тарс аз муроҷиат ба муассисаҳои тиббӣ сабаби дер ошкор гардидани сирояти ВНМО мегардад.
Пас аз бозгашти шаҳрвандон аз хориҷи кишвар, ҳангоми муроҷиати онҳо ба муассисаҳои тиббӣ бо мақсади ташхису табобат, ҳолатҳои сирояти ВНМО дар натиҷаи мусбат будани натиҷаҳои ташхис ошкор карда мешаванд. Ин ҳолат аз ҷониби марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар низоми ягонаи бақайдгирӣ сабт мегардад.
Яке аз мушкилоти асосӣ дар он аст, ки баъзе муҳоҷирон пас аз сироятёбӣ аз бемории худ огоҳ намешаванд, зеро ВНМО метавонад дар марҳилаҳои аввал муддати тӯлонӣ бе нишона гузарад. Дар чунин ҳолат онҳо метавонанд бо ҳамсар ва шарикони ҷинсии худ робита дошта, хатари сироятёбии дигаронро ба вуҷуд оранд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва пешгирии ВНМО миёни муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа пайваста корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида мешаванд. Ба онҳо тавсия дода мешавад, ки аз алоқаи ҷинсии тасодуфии беҳимоя худдорӣ намуда, пеш аз сафар ва баъд аз бозгашт аз ташхиси ВНМО гузаранд ва ба солимии худ ва оилаашон муносибати ҷиддӣ намоянд, зеро сирояти ВНМО пурра табобат намешавад.
Директори маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар шаҳри Левакант
Одинаев Б.С