9-уми апрел, тибқи нақшаи муштараки корӣ масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази пешгирии ВНМО ва Муассисаи КАТС-и шаҳри…
9-уми апрел, тибқи нақшаи муштараки корӣ масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази пешгирии ВНМО ва Муассисаи КАТС-и шаҳри Левакант дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳиро баргузор намуданд.
Чорабинӣ бо усули “хона ба хона” роҳандозӣ гардида, зимни он бо сокинон оид ба як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва тандурустӣ суҳбату мулоқотҳо анҷом дода шуд. Аз ҷумла, ба шаҳрвандон вобаста ба пешгирии бемориҳои диабети қанд, фарбеҳӣ, ВНМО, гепатит, инчунин риояи ғизои солим ва тарзи ҳаёти фаъол маълумоти муфид пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, ба иштирокчиён оид ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, зарари истифодаи аз ҳад зиёди телефони мобилӣ, пешгирии одатҳои номатлуб, фишорбаландӣ, роҳҳои пешгирии муноқишаҳои оилавӣ, никоҳи бармаҳал ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон тавзеҳоти зарурӣ дода шуд.
Зимни вохӯриҳо таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию иҷтимоии аҳолӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим яке аз омилҳои муҳими пешгирии мушкилоти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинӣ мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба сокинон иттиловарақаҳо тақсим намуда, онҳоро барои риояи тавсияҳои тиббӣ ва пешгирии бемориҳо ҳидоят карданд.
Гузаронидани чунин мулоқоту корҳои фаҳмондадиҳӣ дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва таҳкими солимии ҷомеа нақши муҳим дорад.