9-уми апрел, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Конфренсияи IX-уми ҳисоботӣ-интихоботии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроич, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёну фаъолони Шӯро баргузор гардид.
Дар кори конфронс раиси ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат дар вилояти Хатлон Шомалангов Саидқул, раиси ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳри Левакант Султонов Ҳикматулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Нахуст, конфронс бо сухани ифтитоҳӣ оғоз гардида, масъалаҳои асосии рӯзномаи он баррасӣ шуданд. Сипас, раиси ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳри Левакант Султонов Ҳикматулло бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад намуда, фаъолияти Шӯрои собиқадоронро дар давоми солҳои гузашта мавриди таҳлил қарор дод. Қайд гардид, ки дар ин давра Шӯрои собиқадорон дар самти ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии собиқадорон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, тарбияи ватандӯстии насли ҷавон ва таҳкими робитаи байни наслҳо корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.
Ҳамзамон, иштирокчиёни конфронс вобаста ба фаъолияти Шӯро фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, ҷиҳати беҳтар намудани кор дар самтҳои гуногун пешниҳодҳои судманд ироа карданд.
Дар идомаи кори конфронс масъалаи интихоботи роҳбарияти Шӯро мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо пешниҳоди аъзоён ва бо дастгирии аксарияти овозҳо Султонов Ҳикматулло дубора ба ҳайси раиси ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳри Левакант барои панҷ соли минбаъда интихоб гардид.
Дар фарҷом, иштирокчиён азм карданд, ки минбаъд низ ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дастгирии собиқадорон фаъолияти худро боз ҳам густариш медиҳанд. Конфронс дар фазои созанда ва супоридани ифтихорномаҳо ба аъзоёни фаъоли шуро ба анҷом расид.