МУСОБИҚАИ КУШОДИ ГУШТИНИ МИЛЛӢ ДАР ЛЕВАКАНТ - САҲНАИ РАҚОБАТИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНУ
8-уми апрел, дар шаҳри Левакант бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ мусобиқаи кушоди шаҳрии гуштини миллӣ байни кӯдакон, наврасон ва духтарон баргузор гардид. Чорабинӣ бо ҳадафи рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти…
8-уми апрел, дар шаҳри Левакант бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ мусобиқаи кушоди шаҳрии гуштини миллӣ байни кӯдакон, наврасон ва духтарон баргузор гардид. Чорабинӣ бо ҳадафи рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти истеъдодҳои нав миёни насли ҷавон роҳандозӣ шуд.
Дар мусобиқа варзишгарони ҷавон аз муассисаҳои таълимӣ ва мактаби варзишии шаҳр фаъолона иштирок намуда, маҳорати худро дар риштаи гуштини миллӣ ба намоиш гузоштанд. Қувваозмоӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, ҳар як иштирокчӣ кӯшиш намуд, ки бо техникаи хуб ва иродаи қавӣ ғолибият ба даст орад.
Ба гуфтаи масъулони чорабинӣ, чунин мусобиқаҳо барои баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишгарон ва ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ нақши муҳим доранд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба иштироки духтарон зоҳир гардид, ки ин нишондиҳандаи рушди баробари варзиш миёни духтарону ҷавонон мебошад.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо ифтихорномаҳо, медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ташкилкунандагон изҳор доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳо минбаъд низ идома ёфта, барои рушди гуштини миллӣ ва тарбияи варзишгарони болаёқат мусоидат хоҳад кард.
Ин мусобиқа на танҳо майдони рақобат, балки ҷашни варзиш ва дӯстӣ миёни наврасону ҷавонони шаҳр гардид.