7-уми апрел, дар доираи иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2026 таҳти №9-398, дар шаҳри Левакант чорабинии муҳими тандурустӣ баргузор гардид. Ин иқдом ба аксияи ҷумҳуриявии «Ҳафтаи…
7-уми апрел, дар доираи иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2026 таҳти №9-398, дар шаҳри Левакант чорабинии муҳими тандурустӣ баргузор гардид. Ин иқдом ба аксияи ҷумҳуриявии «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» бахшида шуда, ҳамзамон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ роҳандозӣ гардид.
Чорабинӣ аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии Маркази ВНМО ташкил ва дар назди Бунгоҳи саломатии деҳаи Тоҷикобод амалӣ карда шуд. Ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва дастрас намудани хизматрасониҳои ройгони тиббӣ буд.
Дар рафти аксия ба сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла аҳолии умумӣ, занҳои ҳомиладор, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, хизматрасонии ройгони ташхис барои муайян намудани бемории ВНМО ва гепатитҳои парентералии вирусӣ пешниҳод гардид. Ташхис дар шароити мусоид ва бо риояи меъёрҳои махфият гузаронида шуд.
Илова бар ин, мутахассисон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба роҳҳои пешгирии сироятёбӣ аз ВНМО ва гепатитҳои вирусӣ анҷом доданд. Ба иштирокчиён маълумоти муфид дар бораи тарзи ҳаёти солим, масъулияти шахсӣ нисбат ба саломатӣ ва аҳамияти ташхиси саривақтӣ пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, дар байни аҳолӣ маводҳои иттилоотӣ, аз ҷумла буклетҳо ва варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд, ки дар онҳо маълумоти зарурӣ оид ба пешгирӣ ва табобати бемориҳои зикршуда дарҷ гардидааст.
Бояд зикр намуд, ки чунин иқдомҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии ҷомеа ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ нақши муҳим доранд. Баргузории аксияҳои мазкур ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.