ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ЗЕРИ НАЗОРАТИ ҶИДДӢ ҚАРОР ГИРИФТ
7-уми апрел, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти роҳбарии раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ ҷаласаи Ситоди кории доимоамалкунанда баргузор гардид, ки ба рафти кишт, шудгор, иҷрои дигар корҳои мавсимии…
7-уми апрел, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти роҳбарии раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ ҷаласаи Ситоди кории доимоамалкунанда баргузор гардид, ки ба рафти кишт, шудгор, иҷрои дигар корҳои мавсимии кишоварзӣ ва мубориза бар зидди ҳашароти зараровар, бахусус малах, бахшида шуд.
Дар ҷаласаи мазкур муовини аввали раиси шаҳр, намояндагони соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуда, масъалаҳои муҳимми марбут ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор мебошанд, то дар маҳалҳои худ ситодҳои кории доимоамалкунанда таъсис дода, рафти корҳои кишоварзиро мунтазам назорат намоянд.
Тибқи дастур, аъзои ситодҳои корӣ уҳдадоранд, ки ҳар даҳ рӯз оид ба натиҷаи корҳои анҷомдода ҳисоботи хаттӣ пешниҳод намоянд.
Дар баробари ин, ба масъалаи мубориза бар зидди малах диққати махсус дода шуда, таъкид гардид, ки несту нобуд кардани ин ҳашароти зараровар бояд ба таври ҷиддӣ ва саривақтӣ ба роҳ монда шавад, то аз зарари эҳтимолӣ ба ҳосили зироатҳо пешгирӣ гардад.
Масъулон изҳор доштанд, ки ҳамоҳангии фаъолияти ҳамаи сохторҳо ва назорати қатъӣ метавонанд ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди босуботи соҳаи кишоварзии шаҳр мусоидат намоянд.