6-уми апрел, бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, мутахассиси бахши мазкур Фариштамоҳ Сангова ҳамроҳ бо гурӯҳи корӣ иборат аз занони фаъоли шаҳр дар назди Беморхонаи марказии шаҳр рейд ва…
6-уми апрел, бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, мутахассиси бахши мазкур Фариштамоҳ Сангова ҳамроҳ бо гурӯҳи корӣ иборат аз занони фаъоли шаҳр дар назди Беморхонаи марказии шаҳр рейд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Қобили зикр аст, ки рейди мазкур дар роҳраву даромадгоҳи беморхона сурат гирифт. Аъзои гурӯҳи корӣ бо ҳар як шаҳрванд ва раҳгузаре, ки ба беморхона ворид мешуд, суҳбат ороста, оид ба масъалаҳои марбут ба сатру ҳиҷоб, фарҳанги либоспӯшӣ ва риояи арзишҳои миллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбатҳо таъкид гардид, ки эҳтиром ба либоси миллӣ ва риояи меъёрҳои фарҳангии ҷомеа аз ҷумлаи нишонаҳои худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин ба бонувон тавсия дода шуд, ки ҳангоми интихоби либос ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Гурӯҳи корӣ бо сокинон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба саволҳои онҳо посух гуфтанд. Бархе аз шаҳрвандон чунин иқдомро муҳим арзёбӣ намуда, аз баргузор гардидани корҳои фаҳмондадиҳӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.