Дар фазои баҳории пурнакҳату зебои 5-уми апрел, дар деҳаи Яккачинори ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант яке аз ҷашнҳои пуршукуҳу хотирмон — Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Ин чорабинии фарҳангӣ бо ташаббуси раиси…
Дар фазои баҳории пурнакҳату зебои 5-уми апрел, дар деҳаи Яккачинори ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант яке аз ҷашнҳои пуршукуҳу хотирмон — Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Ин чорабинии фарҳангӣ бо ташаббуси раиси маҳалла Қурбоналӣ Маҷидов ва маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, баргузор шуда, сокинони деҳа ва меҳмононро ба ҳам овард.
Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва поксозии маънавию ҷисмонӣ ба шумор меравад, барои мардуми тоҷик аҳамияти хоса дорад. Аз ҳамин лиҳоз, сокинони деҳаи Яккачинор низ ин ҷашни аҷдодиро бо эҳтироми баланд ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таҷлил намуданд.
Дар чорабинии идона муовини раиси шаҳри Левакант Шарифхон Баротзода, раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» Маҳмад Хидирзода ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд. Қабл аз оғози барнома, Шарифхон Баротзода ҳозиринро ба муносибати фарорасии Наврӯз табрик намуда, дар бораи арзишҳои таърихию фарҳангии ин ҷашни бостонӣ суханронӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки мероси гаронбаҳои башарист, ки мардумро ба дӯстиву ваҳдат ва ободкорӣ раҳнамоӣ мекунад.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ хеле ҷолибу рангин баргузор гардид. Дар ҳар гӯшаи майдони Наврӯзгоҳ садои шеъру суруд танинандоз буд. Ҷавонон ва гулдухтарон бо либосҳои миллӣ баромад намуда, рақсҳои миллӣ иҷро мекарданд. Кӯдакон ва наврасон низ бо иштироки фаъолонаи худ фазои идонаро боз ҳам пурҷило гардониданд.
Ҳамзамон, барномаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили гуштингирӣ, бандкашӣ ва дигар бозиҳои миллӣ ташкил карда шуданд, ки таваҷҷуҳи зиёди тамошобинонро ҷалб намуданд. Ин мусобиқаҳо на танҳо барои фароғат, балки барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими рӯҳияи рақобати солим миёни ҷавонон аҳамияти калон доштанд.
Яке аз ҷолибтарин бахшҳои ҷашн намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ буд. Занону бонувони ҳунарманд маҳсули дастони худро, аз қабили гулдӯзӣ, чакандӯзӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои қадимиро ба намоиш гузоштанд. Меҳмонон аз ин намоишгоҳ дидан намуда, ба маҳорати баланди ҳунармандон баҳои баланд доданд.
Дар гӯшаи дигар таомҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла суманак, оши палав, ҳалво ва дигар хӯрокҳои идона омода гардида, ба меҳмонон пешкаш карда шуданд. Бӯи хуши ин таомҳо ва тарзи зебои оростани онҳо фазои идонаро боз ҳам дилнишин мегардонд.
Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ зимни боздид аз намоишгоҳ ва барномаи фарҳангӣ, сатҳи баланди ташкил ва баргузории ҷашнро таъкид намуда, ба сокинони деҳа барои чунин иқдоми нек изҳори сипос карданд. Ба гуфтаи онҳо, чунин чорабиниҳо барои ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозанд.
Дар ҳақиқат, тамоми рукнҳои Наврӯзӣ — аз ороиши майдон то барномаҳои фарҳангӣ — бо завқи баланд ва ҳисси масъулият омода карда шуда буданд. Ин ҳама нишон аз он медиҳад, ки сокинони деҳаи Яккачинор ба арзишҳои миллӣ арҷ гузошта, барои ҳифзи онҳо кӯшиш менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки бо чунин чорабиниҳои пурмазмун, Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки василаи муҳими таҳкими дӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанги ҷомеа мегардад.