6-уми апрел, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр мавриди баррасии ҳамаҷониба…
6-уми апрел, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар оғози маҷлис раиси шаҳр иштирокчиёнро бо тағйироти кадрӣ шинос намуда, таъйини Содирзода Хайрулло Саъдулоро ба вазифаи директори коллеҷи саноат ва хизматрасонии шаҳр эълон кард ва ба ӯ дар фаъолияти минбаъда барору комёбӣ таманно намуд.
Рӯзномаи ҷаласа аз чанд масъалаи асосӣ иборат буд, аз ҷумла рафти иҷрои қисми даромади буҷет дар семоҳаи аввали сол, ҷамъбасти нишондиҳандаҳои соҳаҳои хоҷагии халқ, рафти корҳои саҳроӣ дар бахши кишоварзӣ, корҳои ободониву созандагӣ ва омодагӣ ба маҷлиси ҷамъбастии семоҳа.
Зимни баррасии масъалаҳо раиси шаҳр аз баргузории чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ дар моҳи март, аз ҷумла ҷашни Наврӯз, Иди саиди Фитр ва мусобиқаи “Гӯштини миллӣ” ёдовар шуда, саҳми ҳамаи сохторҳо ва сокинонро баланд арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки чорабиниҳо дар сатҳи баланд баргузор гардида, обрӯи шаҳрро дар сатҳи ҷумҳурӣ боло бурданд.
Бо вуҷуди ин, Муминзода Мастура Табарӣ ба камбудиҳо низ ишора карда, аз иштироки сусти баъзе роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, инчунин сатҳи нокифояи намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокҳои миллӣ интиқод намуд. Ба масъулон супориш дода шуд, ки дар оянда ба сифати чунин чорабиниҳо диққати ҷиддӣ диҳанд.
Дар бахши иқтисодӣ масъалаи иҷро нагардидани нақшаи андоз, махсусан андозҳои маҳаллӣ, мавриди танқиди шадид қарор гирифт. Зикр гардид, ки дар ду моҳи охир қисми даромади буҷет пурра таъмин нашуда, зиёда аз якуним миллион сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ нагардидааст. Ба масъулони соҳа дастур дода шуд, ки барои беҳтар намудани вазъ чораҳои фаврӣ андешанд.
Ҳамчунин, ба Раёсати Вазорати молия дар шаҳр супориш дода шуд, ки маълумоти муфассал оид ба хароҷоти буҷет, махсусан музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетиро пешниҳод намояд. Масъалаи пардохти саривақтии нафақаҳо низ зери назорат қарор дода шуд.
Дар самти кишоварзӣ ба фаъолияти ситоди шаҳрӣ баҳри назорати корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти пахта ва мубориза бар зидди малах, диққати махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд фаъолона ҷалб карда шаванд.