Бо ташаббуси шабакаи обтаъминкунии шаҳри Левакант корҳои тозакунии канали шарқии шаҳр, ки барои обёрии заминҳои кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад, анҷом дода шуданд. Тавре роҳбари шабакаҳои обтаъминкунии шаҳр Ҳалимзода Сафар иттилоъ дод, ин иқдом бо…
Бо ташаббуси шабакаи обтаъминкунии шаҳри Левакант корҳои тозакунии канали шарқии шаҳр, ки барои обёрии заминҳои кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад, анҷом дода шуданд.
Тавре роҳбари шабакаҳои обтаъминкунии шаҳр Ҳалимзода Сафар иттилоъ дод, ин иқдом бо мақсади беҳтар намудани гардиши об ва таъмини саривақтии заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ роҳандозӣ гардид. Ба гуфтаи ӯ, дар рафти корҳои тозакунӣ канал аз партовҳо, алафҳои худрӯй ва лойқа пурра тоза карда шуда, шароити мусоид барои ҷараёни муназзами об фароҳам оварда шуд.
Зикр гардид, ки тозакунии чунин иншооти обрасонӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, ин тадбирҳо ба пешгирии ҳолатҳои басташавии каналҳо ва кам шудани талафоти об мусоидат мекунанд.
Ҳалимзода Сафар ҳамчунин таъкид намуд, ки корҳои тозакунии каналҳо ва заъбурҳо дар дигар минтақаҳои шаҳр низ идома дошта, шабакаи обтаъминкунӣ тасмим дорад дар оянда чунин иқдомҳоро мунтазам ба роҳ монад.