Варзишгари ҷавону умедбахши шаҳри Левакант — Фарзона Ғуломова — бори дигар маҳорати баланди худро дар арсаи байналмилалӣ нишон дод. Рӯзҳои 26–27-уми март ӯ дар мусобиқаи байналмилалии “Импульс”, ки дар шаҳри Сочии Россия баргузор гардид, фаъолона…
Варзишгари ҷавону умедбахши шаҳри Левакант — Фарзона Ғуломова — бори дигар маҳорати баланди худро дар арсаи байналмилалӣ нишон дод.
Рӯзҳои 26–27-уми март ӯ дар мусобиқаи байналмилалии “Импульс”, ки дар шаҳри Сочии Россия баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Дар ин чорабинии бонуфуз варзишгарон аз 26 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ миёни худ рақобати шадид нишон доданд. Бо вуҷуди рақобати сахт, Фарзона Ғуломова тавонист бо маҳорати касбӣ ва омодагии хуби ҷисмонӣ ба сафи беҳтаринҳо шомил шуда, медали биринҷӣ ва дипломи мусобиқаро ба даст орад.
Ин дастовард на танҳо барои худи варзишгар, балки барои шаҳри Левакант ва кулли варзишгарони Тоҷикистон мояи ифтихор мебошад. Муваффақияти ӯ бозгӯи заҳмату талошҳои пайваста ва иродаи қавии варзишгарони ҷавони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ аст.
Қобили зикр аст, ки чунин натиҷаҳо ба рушди варзиш дар кишвар мусоидат намуда, ҷавонони дигарро низ барои ноил шудан ба қуллаҳои баланд илҳом мебахшанд.