Дар шаҳри Левакант мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим (ТТҲС), муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва Маркази пешгирии ВНМО бо сокинони як қатор кӯчаҳо корҳои васеи фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуданд. Чорабинии мазкур…
Дар шаҳри Левакант мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим (ТТҲС), муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва Маркази пешгирии ВНМО бо сокинони як қатор кӯчаҳо корҳои васеи фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуданд.
Чорабинии мазкур тариқи усули «хона ба хона» дар кӯчаҳои Носири Хусрав 36 ва 42, инчунин Борбад 29 баргузор гардида, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои гуногун мебошад.
Зимни суҳбату вохӯриҳо мутахассисон ба сокинон оид ба бемориҳои диабети қанд, маъюбият, осеббардорӣ, ВНМО/СПИД, бемории ҷоғар ва дигар мушкилоти саломатӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз қабили одатҳои бад, пешгирии фавти модару кӯдак ва таъсири манфии истифодаи аз ҳад зиёди телефони мобилӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки риояи тарзи ҳаёти солим, сари вақт муроҷиат намудан ба муассисаҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон метавонад сатҳи бемориҳоро коҳиш дода, сифати зиндагии аҳолиро беҳтар намояд.
Дар ҷараёни чорабинӣ инчунин ба сокинон иттиловарақаҳо тақсим карда шуданд, ки дар онҳо маълумоти муҳим оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳо дарҷ гардидааст.
Ин иқдом ҳамчун як қисми корҳои мунтазами соҳаи тандурустӣ баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ арзёбӣ гардида, ба таҳкими маърифати тиббии сокинони шаҳри Левакант мусоидат менамояд.