Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 март то 5 апрели соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ – Наврӯзи ҷаҳонӣ» бо шукӯҳу шаҳомати…
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 март то 5 апрели соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ – Наврӯзи ҷаҳонӣ» бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардида истодааст. Чорабинии мазкур ҷавонони фаъолро аз тамоми гӯшаву канори кишвар гирди ҳам оварда, ба таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мусоидат мекунад.
Дар ин фестивал, дар баробари намояндагони дигар шаҳру навоҳӣ, ҷавондухтари фаъоли шаҳри Левакант, директори Маркази солимии репродуктивии шаҳр Дилрабо Самадова низ иштирок дорад. Ӯ дар доираи барномаҳои фестивал аз макону мавзеҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд дидан намуда, бо мероси ғании ниёгон аз наздик ошно мегардад.
Барномаи фестивал фарогири чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои эҷодӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои фароғатӣ мебошад. Ҳадафи асосии он таҳкими дӯстии ҷавонон, тарғиби суннатҳои миллӣ, эҳёи арзишҳои наврӯзӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави эҷодкор арзёбӣ мегардад.
Дар рӯзи аввали фестивал иштирокчиён аз як қатор ёдгориҳои таърихии нодир, аз ҷумла Мақбараи Хоҷа Муҳаммад Башоро, зодгоҳи Лоиқ Шералӣ ва Саразми Бостонӣ дидан намуданд. Ин саёҳат дар замири ҷавонон ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихор аз таъриху фарҳанги миллиро боз ҳам тақвият бахшид.
Иштироки фаъоли Дилрабо Самадова дар чунин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ намунаи ибрат барои ҷавонони дигар буда, саҳми ӯ дар муаррифии шаҳри Левакант ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни ҷавонон назаррас арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки фестивал дар рӯзҳои минбаъда низ бо баргузории барномаҳои ҷолибу хотирмон идома ёфта, барои иштирокчиён таҷрибаи ғании фарҳангиву иҷтимоӣ фароҳам оварад.