Имрӯз, 1-уми апрел, дар тамоми шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи гусели наваскарон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи даъвати баҳорӣ расман оғоз гардид. Ин иқдом дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз, 1-уми апрел, дар тамоми шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи гусели наваскарон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи даъвати баҳорӣ расман оғоз гардид. Ин иқдом дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, ҳамзамон ба эҳтиёт рухсат гардидани хизматчиёни ҳарбӣ, ки хизмати худро адо намудаанд, низ сурат гирифт.
Дар шаҳри Левакант ин маърака бо сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, нақшаи даъвати баҳорӣ аз ҳисоби ҷавонони синни даъватӣ аллакай дар рӯзи аввал 100% иҷро карда шуд. Ин нишондиҳанда аз ҳисси баланди масъулият, худшиносӣ ва садоқати ҷавонони шаҳр нисбат ба Ватан дарак медиҳад.
Маросими гусели наваскарон дар фазои тантанавӣ доир гардида, дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сохторҳои қудратӣ, фаъолони ҷомеа, инчунин падару модарон ва наздикони даъватшавандагон иштирок намуданд. Зимни суханрониҳо масъулон аз аҳамияти хизмати ҳарбӣ ҳамчун мактаби шуҷоат, мардонагӣ ва ватандӯстӣ ёдовар шуда, ба ҷавонон барои хизмати содиқона барору комёбӣ орзу карданд.
Қайд гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавон қарзи шаҳрвандӣ ва нишонаи ифтихори миллӣ буда, дар тарбияи насли солим ва ҳифзи амнияти давлат нақши муҳим мебозад.
Бо иҷрои пурраи нақша дар рӯзи аввал, шаҳри Левакант бори дигар собит намуд, ки ҷавононаш дорои рӯҳияи баланди ватандӯстӣ буда, омодаанд барои ҳифзи марзу буми кишвар саҳмгузор бошанд.