eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА БАРНОМАИ МИЛЛИИ МУҚОВИМАТ БА ВНМО ВА ГЕПАТИТҲО ВИРУС
Главная
More
Исполнительный орган государственной власти города Левакант
Новости
ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА БАРНОМАИ МИЛЛИИ МУҚОВИМАТ БА ВНМО ВА ГЕПАТИТҲО ВИРУС
Единый портал государственных услуг
7 апреля 2026
ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА БАРНОМАИ МИЛЛИИ МУҚОВИМАТ БА ВНМО ВА ГЕПАТИТҲО ВИРУС
1-уми апрел, дар шаҳри Левакант мутахассисони Маркази пешгирии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) бо кормандони Беморхонаи рақами 1, воқеъ дар деҳаи Баҳодурони ҷамоати деҳоти «Гулистон», вохӯрии фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд. Чорабинии мазкур…
1-уми апрел, дар шаҳри Левакант мутахассисони Маркази пешгирии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) бо кормандони Беморхонаи рақами 1, воқеъ дар деҳаи Баҳодурони ҷамоати деҳоти «Гулистон», вохӯрии фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва гепатитҳои парентералии вирусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони соҳаи тандурустӣ буд.
Зимни мулоқот мутахассисон оид ба роҳҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати ВНМО ва гепатитҳои вирусӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, инчунин аҳамияти саривақт гузаронидани ташхис, риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор бо маводи тиббӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббиро таъкид карданд.
Ҳамзамон, иштирокчиён доир ба татбиқи амалии барнома, вазифаҳои кормандони соҳаи тандурустӣ дар паст намудани сатҳи сироятёбӣ ва роҳҳои беҳтар намудани ҳамкории байни муассисаҳои тиббӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуда, таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо дар дигар муассисаҳои тиббӣ низ идома хоҳанд ёфт.
Ин гуна вохӯриҳо барои тақвияти донишу малакаи кормандони тиб ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ аҳамияти муҳим доранд.