31-уми март, директори Муассисаи давлатии Маркази пешгирии ВНМО дар шаҳри Левакант Одинаев Беҳрӯз ҳамроҳ бо дигар мутахассисони марказ бо кормандони бунгоҳи саломатии деҳотии деҳаи Баҳодурони ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрии судманд баргузор…
31-уми март, директори Муассисаи давлатии Маркази пешгирии ВНМО дар шаҳри Левакант Одинаев Беҳрӯз ҳамроҳ бо дигар мутахассисони марказ бо кормандони бунгоҳи саломатии деҳотии деҳаи Баҳодурони ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими марбут ба пешгирии сирояти ВНМО мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба кормандони соҳаи тандурустии маҳаллӣ оид ба роҳҳои пешгирӣ, ташхис, машваратдиҳӣ ва кор бо гурӯҳҳои хавфнок маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Мутахассисони марказ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии кормандони бунгоҳи саломатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳамзамон ба онҳо ёрии методӣ расониданд. Аз ҷумла, усулҳои муосири кор бо аҳолӣ, тарзи дурусти гузаронидани суҳбатҳои иттилоотӣ ва роҳҳои коҳиш додани хавфи паҳншавии сироят шарҳ дода шуданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, пешгирии табъиз нисбати шахсони гирифтори ВНМО ва саривақт муроҷиат намудан ба муассисаҳои тиббӣ аз омилҳои муҳими мубориза бо ин беморӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён иброз доштанд, ки чунин чорабиниҳои омӯзишӣ барои такмили фаъолияти кормандони соҳа ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат намуда, дар пешгирии паҳншавии ВНМО нақши муҳим мебозанд.