ЛЕВАКАНТ: НАВРӮЗИ ПУРШУКӮҲ ДАР ДЕҲАИ ХУРАМДЕҲ- ҶАШНИ НУР ВА ВАҲДАТИ МАРДУМ
26-уми март, бо ташаббуси ҷамоати деҳоти «Гулистон» дар деҳаи Хурамдеҳ чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки васеи сокинон ва меҳмонони расмӣ баргузор гардид. Дар ин чорабини идона раиси шаҳри Левакант Муминзода…
26-уми март, бо ташаббуси ҷамоати деҳоти «Гулистон» дар деҳаи Хурамдеҳ чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки васеи сокинон ва меҳмонони расмӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабини идона раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва шаҳри Левакант, масъулини ҷамоат, фаъолони маҳаллӣ ва сокинони деҳа ширкат варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ, меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии омоданамудаи сокинон боздид карданд. Ин намоишгоҳ фарогири суннатҳои қадимии миллӣ буда, маҳсули дастони ҳунармандон ва бонувони деҳа буд. Аз ҷумла, деги суманак, ки рамзи асосии Наврӯз маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳи махсуси ҳозиринро ҷалб намуд. Раиси шаҳр ва дигар иштирокчиён ба таври рамзӣ дар гирди деги суманак ҷамъ омада, бо кафзанӣ ва сурудхонӣ ба ҷашн ҳусни тоза бахшиданд.
Муминзода Мастура Табарӣ сокинони деҳаро ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик намуда, зикр кард, ки ин Наврӯз ҷашни аҷдодӣ, рамзи эҳёи табиат, дӯстӣ, ҳамдилӣ ва ваҳдати мардум мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва гурӯҳҳои эҷодӣ пешкаш гардид. Суруду рақсу саҳнаҳои ҷолиб фазои идонаро боз ҳам шодобтар гардонида, ба ҳозирин рӯҳияи болида бахшид.
Чорабинии мазкур дар фазои дӯстӣ, ҳамдилӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баргузор гардида, боз як маротиба аз аҳамияти гиромидошти анъанаҳои неки ниёгон шаҳодат дод.