23-юми март, дар Левакант ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки роҳбарияти шаҳр, меҳмонони расмӣ ва сокинони сершумор фазои идонаро фароҳам овард.
Қабл аз оғози чорабинӣ, меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва дастовардҳои варзишии сокинони шаҳр боздид ба амал оварданд. Ин намоишҳо бозгӯи фарҳанги ғанӣ ва заҳмати меҳнаткашони шаҳр арзёбӣ гардиданд.
Дар қисмати расмии чорабинӣ раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб Каримзода Ҷамшед иштирокдоронро ба муносибати Наврӯз самимона табрик намуда, барояшон сулҳу субот, файзу баракат ва комёбиҳои нав орзу карданд.
Баъдан барномаи фарҳангии омоданамудаи аҳли ҳунару фарҳанги шаҳр, ки бо саҳнаҳои ҷолиби наврӯзӣ ва намоиши расму ойинҳои миллӣ оро ёфта буд, манзури ҳозирин гардонида шуд. Ин барнома анъанаҳои қадимии мардуми тоҷикро бо услуби муосир ба намоиш гузошт.
Ҳамчунин, ҳунармандони маъруфи кишвар — Қобилҷон Зарипов, Шӯҳрат Сайнаков, Бахтиёр Иброҳимов ва Ҷаҳонгири Рустам бо иҷрои суруду таронаҳои наврӯзӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, табъи иштирокдоронро болида гардониданд.
Тантанаи Наврӯз дар шаҳри Левакант бори дигар собит сохт, ки ин ҷашни бостонӣ на танҳо рамзи эҳёи табиат, балки омили муттаҳидсозандаи мардум ва посдорандаи арзишҳои миллӣ мебошад.