eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: САХОВАТ ДАР АРАФАИ НАВРӮЗ
Главная
More
Исполнительный орган государственной власти города Левакант
Новости
ЛЕВАКАНТ: САХОВАТ ДАР АРАФАИ НАВРӮЗ
7 апреля 2026
ЛЕВАКАНТ: САХОВАТ ДАР АРАФАИ НАВРӮЗ
19-уми март, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва иди Рамазон як иқдоми хайрхоҳона ва инсонпарварона амалӣ гардид. Бо ташаббуси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант ва дастгирии СНОБ-и Вахш ба омӯзгори собиқадори шаҳр Ашк Юсуфӣ…
19-уми март, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва иди Рамазон як иқдоми хайрхоҳона ва инсонпарварона амалӣ гардид.
Бо ташаббуси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант ва дастгирии СНОБ-и Вахш ба омӯзгори собиқадори шаҳр Ашк Юсуфӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.
Ин иқдом бо ҳадафи арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои шоёни собиқадорон, махсусан омӯзгороне, ки солҳои тӯлонӣ дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштаанд, роҳандозӣ гардид.
Ашк Юсуфӣ аз ҷумлаи чунин шахсиятҳоест, ки умри худро ба соҳаи маориф бахшида, дар тарбияи садҳо шогирдон нақши муҳим бозидааст.
Зимни расонидани кӯмак намояндагони ташкилкунандагон таъкид намуданд, ки дастгирии собиқадорон ва эҳтиром ба хизматҳои онҳо яке аз арзишҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Қайд гардид, ки чунин иқдомҳо, бахусус дар арафаи идҳои миллӣ, на танҳо як амали хайр, балки рамзи эҳтиром, қадршиносӣ ва пайванди наслҳо мебошад.
Ашк Юсуфӣ аз ин таваҷҷуҳ ва дастгирӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки чунин ғамхорӣ рӯҳбаландкунанда буда, инсонро ба зиндагӣ ва арзишҳои нек бештар дилгарм месозад.
Ёдовар мешавем, ки дар арафаи ҷашну идҳо дар шаҳри Левакант пайваста чунин корҳои хайриявӣ баргузор гардида, шахсони ниёзманд ва собиқадорон мавриди дастгирӣ қарор мегиранд. Ин анъанаи неку инсонпарварона ба таҳкими рӯҳияи ҳамдилӣ, эҳтиром ва ҳамбастагӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Единый портал государственных услуг