eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: НАВРӮЗ ДАР ЛЕВАКАНТ АЗ ҶОНИБИ ЗАНОНУ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНД
Главная
More
Исполнительный орган государственной власти города Левакант
Новости
ЛЕВАКАНТ: НАВРӮЗ ДАР ЛЕВАКАНТ АЗ ҶОНИБИ ЗАНОНУ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНД
7 апреля 2026
ЛЕВАКАНТ: НАВРӮЗ ДАР ЛЕВАКАНТ АЗ ҶОНИБИ ЗАНОНУ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНД
Дар шаҳри Левакант бахшида ба фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз тантанаи бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он занону бонувони ҳунарманд, гулдухтарон ва сокинони шаҳр фаъолона иштирок намуданд. Дар чорабинӣ бонувон бо либосҳои миллӣ ва анъанавии…
Дар шаҳри Левакант бахшида ба фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз тантанаи бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он занону бонувони ҳунарманд, гулдухтарон ва сокинони шаҳр фаъолона иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ бонувон бо либосҳои миллӣ ва анъанавии рангоранг ҳусни идонаро афзуда, бо пухтани таомҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла суманак, оши палав, ҳалво ва дигар хӯрокҳои суннатӣ, фарҳанги ғании мардумиро муаррифӣ карданд. Ҳар як гӯшаи намоишгоҳ бо ҳунарҳои дастии бонувон, аз қабили чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ оро ёфта буд.
Гулдухтарони шаҳр бо барномаҳои фарҳангӣ, рақсу сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида гардониданд. Ҳамчунин, намоиши расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла маросими суманакпазӣ, ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хос бахшид.
Маврид ба зикр аст, ки чунин чорабиниҳо барои эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи ҳисси худшиносӣ ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ миёни насли ҷавон аҳамияти бузург доранд.
Ҷашни Наврӯз дар Левакант бо рӯҳияи идона, ҳамдилӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии миллӣ таҷлил гардида, то чанд рӯзи дигар давом меёбад.
Единый портал государственных услуг