ЛЕВАКАНТ: ИҚДОМИ ХАЙРИЯВИИ МТМУ №2, ДАР АРАФАИ ИДҲОИ РАМАЗОН ВА НАВРӮЗ
Дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи саховат, меҳрубонӣ ва дастгирии якдигар ба шумор меравад, масъулини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант иқдоми некеро роҳандозӣ намуданд. Онҳо дар арафаи идҳои мубораки Рамазон ва Наврӯз ба ду нафар…
Дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи саховат, меҳрубонӣ ва дастгирии якдигар ба шумор меравад, масъулини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант иқдоми некеро роҳандозӣ намуданд. Онҳо дар арафаи идҳои мубораки Рамазон ва Наврӯз ба ду нафар шахсони ниёзманд кумаки яквақтаинаи ғизоӣ расониданд.
Мавриди зикр аст, ки чунин амалҳои хайриявӣ дар ин айёми муборак ба як анъанаи нек табдил ёфта, ҳадафи он дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа ва расонидани кӯмак ба ниёзмандон мебошад. Кумаки пешниҳодшуда аз маводи асосии ғизоӣ иборат буда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии оилаҳои ниёзманд мусоидат мекунад.
Масъулини муассиса изҳор доштанд, ки анҷом додани чунин иқдомҳо на танҳо як вазифаи иҷтимоӣ, балки нишонаи инсондӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва динӣ мебошад. Онҳо ҳамчунин таъкид карданд, ки дар оянда низ чунин чорабиниҳои хайриявиро идома хоҳанд дод.
Қобили зикр аст, ки моҳи шарифи Рамазон ва ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳар ду рамзи покизагӣ, навсозӣ ва ҳамдиливу ҳамраъйӣ ба ҳисоб рафта, мардумро ба некӣ, саховат ва дастгирии якдигар ҳидоят мекунанд.