Таърихи Наврӯз ба замонҳои хеле қадим мерасад. Ин ҷашн дар миёни халқҳои гуногуни Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна, Қафқоз ва минтақаҳои дигар аз қадимулайём бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид. Дар ин рӯз мардум бо дили пур аз меҳру муҳаббат…
Таърихи Наврӯз ба замонҳои хеле қадим мерасад. Ин ҷашн дар миёни халқҳои гуногуни Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна, Қафқоз ва минтақаҳои дигар аз қадимулайём бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид. Дар ин рӯз мардум бо дили пур аз меҳру муҳаббат якдигарро табрик намуда, орзуҳои нек мекунанд, хонаҳоро тоза менамоянд, ба табиат эҳтиром мегузоранд ва барои соли нав ниятҳои нек мебанданд. Ҳамаи ин суннатҳо нишон медиҳанд, ки Наврӯз ҷашни инсондӯстӣ ва ваҳдат мебошад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими Наврӯз дар он аст, ки ин ҷашн инсонҳоро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта даъват мекунад. Дар рӯзҳои Наврӯз мардум кӯшиш мекунанд, ки кинаву адоватро аз дил дур намоянд, бо якдигар оштӣ кунанд ва муносибатҳои неки инсонӣ барқарор созанд. Аз ин рӯ Наврӯз на танҳо ҷашни табиат, балки ҷашни покии дилҳо ва оғози зиндагии нав мебошад.
Бо гузашти замон аҳамияти фарҳангӣ ва таърихии Наврӯз бештар эҳсос гардид. Ин ҷашни бостонӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ аз насл ба насл гузашта, то имрӯз боқӣ мондааст. Маҳз ҳамин арзишҳои бузург боис гардиданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба Наврӯз таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намояд.
Бо ташаббуси як қатор давлатҳо ва дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз маънои онро дорад, ки ин ҷашни бостонӣ акнун танҳо ба як миллат ё як минтақа тааллуқ надорад, балки ба тамоми инсоният марбут аст. Имрӯз Наврӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон бо тантанаҳои хоса таҷлил мегардад. Дар ин рӯзҳо барномаҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарӣ, суруд ва рақси миллӣ баргузор гардида, мардум аз фарҳанг ва анъанаҳои қадимии худ ифтихор мекунанд.
Барои мардуми тоҷик Наврӯз дорои мақоми махсус мебошад. Он қисми ҷудонашавандаи фарҳанг, таърих ва ҳувияти миллии тоҷикон ба шумор меравад. Дар рӯзҳои Наврӯз мардум дастархони идона ороста, таомҳои миллӣ омода мекунанд, ба аёдати наздикону дӯстон мераванд ва ба якдигар орзуҳои нек мегӯянд. Ҳамчунин баргузор намудани бозиҳои миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ аз суннатҳои ҷашни Наврӯз ба ҳисоб меравад.
Наврӯз ҳамчунин инсонҳоро ба эҳтироми табиат даъват мекунад. Дар ин рӯзҳо мардум дарахт мешинонанд, заминҳоро кишт мекунанд ва барои ободии муҳити зист кӯшиш менамоянд. Ин амалҳо нишон медиҳанд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни шодӣ, балки ҷашни созандагӣ ва ободкорӣ низ мебошад.
Имрӯз Наврӯз ҳамчун паёми сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷаҳон шинохта мешавад. Ин ҷашн мардумро ба ҳамдигар наздик намуда, фарҳангҳои гуногунро ба ҳам мепайвандад. Арзишҳои Наврӯз — аз ҷумла некиву инсондӯстӣ, эҳтироми табиат, дӯстӣ ва ваҳдат — барои тамоми инсоният муҳим мебошанд.
Ҳамин тавр, ҷаҳонӣ шудани Наврӯз далели он аст, ки фарҳанги бостонии халқҳои ориёӣ дорои арзиши баланд ва аҳамияти умумиинсонӣ мебошад. Ин ҷашн на танҳо рамзи эҳёи табиат ва оғози соли нав аст, балки паёми некӣ, сулҳ ва умед барои тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Наврӯз инсонҳоро ба зиндагии беҳтар, ба дӯстӣ ва ҳамдилӣ раҳнамоӣ намуда, мардумро ба созандагӣ ва ободонӣ даъват мекунад.
Бигзор Наврӯз ҳамеша боиси шодиву сурур, баракату фаровонӣ ва сулҳу оромӣ дар тамоми ҷаҳон гардад.
Манучеҳр Саидқулов-мудири бахши ҳифзи иҷтимоии МИҲД-и шаҳри Левакант