ЛЕВАКАНТ: БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИС
16-уми март, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид. Маҷлис таҳти роҳбарии раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ сурат гирифта, дар он муовинони раис,…
16-уми март, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид. Маҷлис таҳти роҳбарии раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ сурат гирифта, дар он муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони шуъбаю бахшҳои марбутаи МИҲД-и шаҳр, масъулини соҳаҳои гуногун ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Зимни маҷлис масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, оид ба иҷрои сифатноки қисми даромади буҷети шаҳр ҳисобот пешниҳод шуда, таъкид гардид, ки барои таъмин намудани иҷрои нақшаи даромад тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Раиси шаҳр аз масъулин талаб намуд, ки ҷиҳати пурра ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани маблағҳои буҷетӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамзамон масъалаи таъмини саривақтии пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳо ва нафақаи шаҳрвандон низ баррасӣ гардида, ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки дар ин самт назорати доимӣ ба роҳ монанд.
Дар ҷараёни маҷлис инчунин рафти корҳои саҳроӣ ва омодагии хоҷагиҳои кишоварзӣ ба мавсими киштукор мавриди таҳлил қарор гирифт. Масъулини соҳа вазифадор гардиданд, ки барои истифодаи самараноки замин, иҷрои нақшаи кишти зироатҳо ва таъмини ҳосили фаровон тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Масъалаи муҳими дигар омодагӣ ба сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ буд. Дар ин замина ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон ва волидони онҳо тақвият бахшида, раванди даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро дар сатҳи баланд таъмин намоянд.
Ҳамчунин дар маҷлис масъалаҳои омодагӣ ба таҷлили Наврӯз, ташкили чорабиниҳои идона, насби шиору овезаҳо бахшида ба Наврӯз ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки корҳои ободониву тозагиро вусъат бахшида, шаҳрро барои таҷлили идҳо дар сатҳи баланд омода созанд.
Дар баробари ин, масъалаи омодагӣ ва назорати баргузории намози ид ба муносибати Иди Рамазон низ матраҳ гардида, ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки барои таъмини тартибот ва амнияти шаҳрвандон чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар анҷоми маҷлис раиси шаҳр ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии вазифаҳои гузошташуда супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки иҷрои ҳамаи масъалаҳои баррасишуда таҳти назорати доимӣ қарор дода мешавад.