Дар доираи нақша-чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант байни наврасону ҷавонон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардиданд. Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти…
Дар доираи нақша-чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант байни наврасону ҷавонон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардиданд. Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиши миллӣ ва баланд бардоштани маҳорати варзишии ҷавонон ташкил карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ мусобиқаҳои гӯштини миллӣ ва бандкашӣ баргузор гардида, дар онҳо даҳҳо наврасону ҷавонон фаъолона иштирок намуданд. Варзишгарони ҷавону наврас бо маҳорати баланд, қувваозмоӣ ва байни ҳам рақобат карданд.
Махсусан, сабқати гӯштини миллӣ таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб намуд. Гӯштигирони ҷавону наврас ҳунару малакаи худро нишон дода, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош варзиданд. Ҳамзамон мусобиқаи бандкашӣ низ дар фазои шавқовар ва пурҳаяҷон баргузор шуда, иштирокчиён қувваву ҳамбастагии худро нишон доданд.
Дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, сатҳи хуби омодагии варзишии худро нишон доданд. Ин гуна мусобиқаҳо барои мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҷавонон, тарғиби арзишҳои миллӣ ва ҷалби наврасон ба варзиш аҳамияти муҳим дорад.