eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ СИЁСИВУ ИҶТИМОӢ ДАР ҶАЛАСАИ КОРИИ ВАКИЛОНИ ШАҲРӢ ДАР ЛЕВАКАНТ
Главная
More
Исполнительный орган государственной власти города Левакант
Новости
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ СИЁСИВУ ИҶТИМОӢ ДАР ҶАЛАСАИ КОРИИ ВАКИЛОНИ ШАҲРӢ ДАР ЛЕВАКАНТ
12 марта 2026
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ СИЁСИВУ ИҶТИМОӢ ДАР ҶАЛАСАИ КОРИИ ВАКИЛОНИ ШАҲРӢ ДАР ЛЕВАКАНТ
10-уми март, дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ҷаласаи корӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон…
10-уми март, дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ҷаласаи корӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ва гурӯҳи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр иштирок намуда, як қатор масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии рӯзро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни ҷаласа нахуст оид ба вазъи сиёсии имрӯзаи ҷаҳон ва таъсири он ба амнияту суботи кишварҳо мубодилаи афкор сурат гирифт. Қайд карда шуд, ки дар шароити тағйирёбии босуръати равандҳои сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҳифзи суботу амният, ваҳдати миллӣ ва тақвияти худогоҳии сиёсӣ миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, аҳамияти махсус дорад.
Ҳамзамон масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва ифротгаро мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонон корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ бояд боз ҳам тақвият дода шаванд. Дар ин замина, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҳифзи ҷавонон аз таъсири ақидаҳои ифротӣ низ аз масъалаҳои муҳими баррасишуда ба ҳисоб мерафт.
Дар идомаи ҷаласа инчунин масъалаи дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баррасӣ гардида, оид ба омодагии ҳамаҷониба барои таҷлили ин иди миллию суннатӣ пешниҳодҳо ироа карда шуданд.
Ҳамчунин, ба масъалаи иштироки фаъолонаи сокинон дар корҳои ободонию созандагӣ дар кӯчаю маҳаллаҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Қайд шуд, ки корҳои ободонӣ бояд дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд ва иштироки фаъоли аҳолӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Дар фарҷоми ҷаласа ба вакилон ва фаъолон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ тавсияҳои муфид дода шуданд.
Единый портал государственных услуг