11-уми март, мутахассисони Муассисаҳои КАТС ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Левакант дар деҳаи Нурафшони ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” бо усули “Кӯча ба кӯча” миёни сокинон корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.
Зимни ин чорабинӣ мутахассисон бо аҳолии маҳаллӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, оид ба масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ва тарзи ҳаёти солим маълумоти муфид пешниҳод карданд. Аз ҷумла, ба сокинон доир ба роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан бемории зардпарвин, аҳамияти гузаронидани иммунизатсия ва риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ тавзеҳоти муфассал дода шуд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба пешгирии маъюбият, тарзи дурусти нигоҳубини саломатӣ, инчунин таъсири манфии истеъмоли нос ва тамоку ба организми инсон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мутахассисон таъкид карданд, ки истифодаи чунин мавод ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонида, метавонад боиси пайдоиши бемориҳои гуногун гардад.
Илова бар ин, ба сокинон оид ба пешгирии бемории сухтани, роҳҳои эҳтиёт аз заҳролудшавии ғизоӣ, аз ҷумла батулизм, инчунин омилҳои пайдоиш ва пешгирии бемориҳои дилу рагҳо ва фишорбаландӣ тавсияҳои муфид пешниҳод гардид.
Мутахассисон дар рафти суҳбатҳо аҳамияти тарзи ҳаёти солим, ғизои дуруст, фаъолияти ҷисмонӣ ва муроҷиати саривақтӣ ба муассисаҳои тиббиро барои ҳифзи саломатӣ муҳим арзёбӣ карданд.