11 марти соли ҷорӣ, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Левакант бо иштироки сокинони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” вохӯрии тарғиботию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи…
11 марти соли ҷорӣ, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Левакант бо иштироки сокинони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” вохӯрии тарғиботию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ташкил шуда, дар доираи усули “Мактаб ба мактаб” роҳандозӣ шуд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон, аъзои гурӯҳи кории мақомоти иҷроия, намояндагони бахши маориф, фаъолони маҳаллӣ ва сокинони деҳаи Истиқлол иштирок карданд.
Зимни мулоқот ба ҳозирин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар шарҳу тавзеҳ дода шуда, вобаста ба татбиқи сиёсати давлат дар самтҳои гуногуни иҷтимоӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон андешаронӣ сурат гирифт.
Ҳамзамон, ба сокинон моҳият ва аҳамияти риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳо “Дар бораи мақоми омӯзгор”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаҳмонда шуд.
Дар ҷараёни суҳбат инчунин масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз қабили пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, мубориза бо хурофотпарастӣ, роҳ надодан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ва пешгирии зуҳуроти бегонапарастӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамчунин ба масъалаи пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона таваҷҷуҳ зоҳир гардида, аҳамияти эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таъкид шуд.
Дар идома, доир ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва саҳмгузории сокинон дар корҳои ободонию созандагии маҳал мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар анҷоми чорабинӣ сокинон пешниҳод ва андешаҳои худро баён намуда, баргузории чунин вохӯриҳоро барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҷомеа муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.