Бо ташаббуси раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» Хидирзода Маҳмад ва дастгирии соҳибкори саховатпеша, роҳбари ҶДММ «Пахта Левакант» Икромов Беҳрӯз, рӯзи 8-уми март дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба беш аз 60 нафар оилаҳои…
Бо ташаббуси раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» Хидирзода Маҳмад ва дастгирии соҳибкори саховатпеша, роҳбари ҶДММ «Пахта Левакант» Икромов Беҳрӯз, рӯзи 8-уми март дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба беш аз 60 нафар оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд ва табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз ҳудуди ҷамоати деҳоти «Гулистон» кумакҳои хайриявӣ расонида шуд.
Дар доираи ин иқдоми хайриявӣ ба сокинони эҳтиёҷманд маводи асосии ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар, инчунин картошка ва пиёз дастрас гардид. Мақсад аз ин иқдом дастгирии оилаҳои камбизоат ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои онҳо дар рӯзҳои мубораки моҳи шарифи Рамазон ва дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мебошад.
Қайд гардид, ки чунин амалҳои хайрхоҳона ва саховатмандона дар ҷомеа рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, дастгирии якдигар ва эҳсоси ҳамдилиро таҳким бахшида, барои дастгирии қишрҳои ниёзманди аҳолӣ нақши муҳим доранд. Сокинони ҷамоат барои ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба роҳбарияти ҷамоат ва соҳибкори саховатпеша изҳори миннатдорӣ намуда, чунин иқдомҳоро намунаи ибрат барои дигарон арзёбӣ карданд.
Бояд гуфт, ки дар арафаи идҳои миллӣ дар ҷамоати деҳоти «Гулистон» ба роҳ мондани чунин корҳои хайриявӣ ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша амалӣ карда мешавад.