5-уми март, дар МТМУ рақами 15-и шаҳри Левакант машғулияти сайёри омӯзишӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои ҳайати роҳбарикунанда ва сардорони ситодҳои мудофиаи граждании ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид. Омӯзиши роҳбарони…
5-уми март, дар МТМУ рақами 15-и шаҳри Левакант машғулияти сайёри омӯзишӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои ҳайати роҳбарикунанда ва сардорони ситодҳои мудофиаи граждании ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.
Омӯзиши роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилояти Хатлон ва Раиси шаҳри Левакант аз ҷониби сардори Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон полковник Ашурзода Вафо ташкил шуда, дар он масъалаҳои марбут ба пешгирӣ, омодагӣ ва тартиби амал ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин омӯзиш ҳамчунин сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Левакант Холиқов Манучеҳр иштирок намуда, ба шунавандагон оид ба тадбирҳои амалии ҳифзи аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ситодҳои мудофиаи гражданӣ тавсияҳо дод.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин машғулиятҳо барои баланд бардоштани сатҳи омодагии роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва таҳкими корҳои пешгирикунанда дар ҳолатҳои фавқулода аҳамияти муҳим дорад.