Дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар, бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои арзандаи собиқадорони меҳнат, муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон дар якҷоягӣ бо мудири бахши маорифи шаҳр Раҳимзода Файзулло аз ҳоли аҳволи собиқадорони соҳаи маориф дидан…
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар, бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои арзандаи собиқадорони меҳнат, муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон дар якҷоягӣ бо мудири бахши маорифи шаҳр Раҳимзода Файзулло аз ҳоли аҳволи собиқадорони соҳаи маориф дидан намуданд.
Зимни мулоқот ба собиқадорон барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар таълиму тарбияи насли наврас изҳори сипосу миннатдорӣ баён гардида, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин ба онҳо саломатии бардавом, умри дароз ва рӯзгори пурсаодат орзу гардид.
Чунин иқдомҳо нишонаи эҳтиром ва қадршиносии роҳбарияти шаҳр нисбат ба шахсоне мебошад, ки солҳои зиёд дар соҳаи маориф фаъолият намуда, барои пешрафти ҷомеа ва тарбияи насли ояндасоз саҳми арзанда гузоштаанд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИИ БАХШИ МАОРИФИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ