5-уми март, дар толори хурди Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар мизи мудаввар таҳти унвони «Зан-Модар олиҳаи ҳусн» баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, инчунин бонувону…
5-уми март, дар толори хурди Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар мизи мудаввар таҳти унвони «Зан-Модар олиҳаи ҳусн» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, инчунин бонувону духтарони фаъоли шаҳр, намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолзанони ҷомеа иштирок намуданд.
Нахуст, раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати фарорасии Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, таъкид намуд, ки занону модарон дар ҷомеа мақоми баланд дошта, дар рушду пешрафти давлат ва тарбияи насли солиму ватандӯст саҳми арзанда мегузоранд. Зикр гардид, ки модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, рамзи сабру таҳаммул ва нерӯи созандаи ҷомеа мебошад.
Ҳамчунин қайд шуд, ки дар шароити имрӯза занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, бо меҳнату ташаббусҳои худ ба ободии кишвар ва пешрафти ҷомеа мусоидат менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокдорон перомуни қадру манзалати модар, нақши зан дар тарбияи фарзанд, таҳкими оила ва пешрафти ҷомеа мубодилаи афкор карданд.
Баромадкунандагон аз мақоми баланду муқаддаси модар ёдовар шуда, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба занону модаронро вазифаи муҳими ҳар як узви ҷомеа арзёбӣ намуданд.
Мизи мудаввар дар фазои самимӣ ва рӯҳияи идона баргузор гардида, иштирокдорон бо изҳори миннатдорӣ чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд.