4-уми март, бахшида ба Рӯзи Модар бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант миёни бонувони ташкилоту муассисаҳои шаҳр мусобиқаи волейбол баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади гиромидошти мақому манзалати зан — Модар, таҳкими…
4-уми март, бахшида ба Рӯзи Модар бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант миёни бонувони ташкилоту муассисаҳои шаҳр мусобиқаи волейбол баргузор гардид.
Чорабинӣ бо мақсади гиромидошти мақому манзалати зан — Модар, таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш миёни занон ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ роҳандозӣ шуд. Дар мусобиқа дастаҳои намояндагӣ аз ташкилоту муассисаҳои гуногуни шаҳр иштирок намуда, дар фазои рақобати солим қувваозмоӣ карданд.
Қабл аз оғози бозӣ масъулини соҳаи варзиш ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ суханронӣ намуда, нақши занону бонувонро дар рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд. Зикр гардид, ки ҷалби бонувон ба варзиш на танҳо ба таҳкими саломатӣ мусоидат мекунад, балки барои боло бурдани рӯҳияи ҷамъиятӣ ва фаъолият дар ҷомеа низ таъсири мусбат мерасонад.
Мусобиқа дар сатҳи хуби ташкилӣ баргузор гардида, ҳар як даста бо омодагии ҷиддӣ ва рӯҳияи баланд баромад намуд. Тамошобинон ҷараёни бозиро бо шавқу ҳавас пайгирӣ карда, иштирокчиёнро дастгирӣ намуданд.
Дар натиҷа ғолибон бо ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Бояд зикр кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар шаҳри Левакант ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола бо иштироки фаъоли бонувон доир мегардад.