4-уми март, дар толори китобхонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳрии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси шаҳри Левакант баргузор гардид. Дар кори Шӯро раиси…
4-уми март, дар толори китобхонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳрии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси шаҳри Левакант баргузор гардид.
Дар кори Шӯро раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, аъзоёни Шӯро, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи МИҲД-и шаҳр, инчунин раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси шаҳр ифтитоҳ бахшида, аҳамияти тақвияти корҳои тарбиявию ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбутаро таъкид кард. Сипас, ҳисоботи котиби Шӯрои шаҳрии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси шаҳри Левакант — Саидзода Комилҷон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Шӯро дар соли 2025 шунида шуд. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ як қатор чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯриву семинарҳо ва мулоқотҳо бо аҳолӣ баргузор гардида, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.
Оид ба вазъи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ба қайдгирифташуда дар ҳудуди шаҳр прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 — Зоирзода Комилҷон баромад намуда, таҳлили омории вазъро пешниҳод кард. Қайд гардид, ки ҷиҳати коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва таҳкими волоияти қонун ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеа тақвият дода мешавад.
Ҳамчунин, доир ба риоя ва амалисозии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» комиссари ҳарбии шаҳр — Раҳимзода Анвар суханронӣ намуда, оид ба ҷараёни даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва тадбирҳои андешидашуда маълумот дод.
Дар фарҷоми ҷаласа Нақшаи кори Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси шаҳри Левакант барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқ гардид.
Таъкид шуд, ки дар соли оянда низ фаъолияти Шӯро дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими қонуният дар ҳудуди шаҳр бо ҷалби фаъоли тамоми сохторҳои марбута идома хоҳад ёфт.