3-юми март, раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» — Эшова Боғигул ҳамроҳ бо кормандони ҷамоат дар деҳаи Нурафшон бо усули «хона ба хона» вохӯриҳо гузарониданд. Ҳадафи асосии ин иқдом тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, вусъат бахшидани тадбирҳои тозагиву…
3-юми март, раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» — Эшова Боғигул ҳамроҳ бо кормандони ҷамоат дар деҳаи Нурафшон бо усули «хона ба хона» вохӯриҳо гузарониданд.
Ҳадафи асосии ин иқдом тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, вусъат бахшидани тадбирҳои тозагиву сарсабзгардонӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашнҳои Наврӯз ва Истиқлолият арзёбӣ гардид.
Зимни суҳбат бо сокинон масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, нигоҳдории тозагии наздиҳавлигӣ, кабудизоркунӣ, таъмиру тармими роҳҳои дохилӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Масъулон таъкид намуданд, ки ободонии маҳал аз ҳар як сокин вобаста буда, танҳо бо ҳамбастагӣ метавон муҳити зисти солиму зебо фароҳам овард.
Ҳамзамон, ба аҳолӣ ҷиҳати иштироки фаъолона дар шанбегиҳо, ниҳолшинонӣ ва дигар маъракаҳои ҷамъиятӣ тавсияҳо дода шуда, оид ба масъалаҳои доғи иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Сокинони деҳа ташаббуси роҳбарияти ҷамоатро дастгирӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар корҳои ободонию созандагӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард.
Чунин вохӯриҳои «хона ба хона» дар дигар маҳаллаҳои ҷамоат низ идома дошта, ба таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти маҳаллӣ ва аҳолӣ мусоидат менамоянд.