3-юми март, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо ҷалби мутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши кор бо занон ва оила, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, инчунин…
3-юми март, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо ҷалби мутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши кор бо занон ва оила, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, инчунин корманди КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар доираи усули “Кӯча ба кӯча” дар кӯчаҳои Спитамен ва Борбади ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» бо сокинон вохӯриҳо намуданд.
Зимни вохӯриҳо бо аҳолӣ масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба сокинон вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуб ва таҳкими фазои солими ҷомеа тавсияҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки танҳо тавассути ҳамкории зичи ҷомеа ва мақомоти давлатӣ метавон ба коҳиши падидаҳои манфӣ ноил гардид.
Дар рафти суҳбатҳо масъалаи тозагию ободонӣ ва саҳмгузории шаҳрвандон дар корҳои созандагӣ матраҳ гардида, сокинон ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, нигоҳдории муҳити зист ва ободонии маҳалли зист даъват шуданд.
Ҳамзамон, вобаста ба пешгирии пӯшиши либосҳое, ки ба фарҳанги миллии мо бегонаанд, баланд бардоштани эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд.
Гурӯҳи корӣ инчунин масъалаи пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи талаботи санитарӣ-гигиенӣ ва муроҷиати саривақтӣ ба муассисаҳои тиббиро муҳим арзёбӣ намуд.
Дар баробари ин, доир ба пешгирии хурофоту таассуб, бегонапарастӣ, зиёдаравӣ ва таълимоти ғайриқонунии диннӣ, ки метавонанд ба суботи ҷомеа таъсири манфӣ расонанд, шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар анҷоми вохӯриҳо сокинон ба саволҳои худ посух гирифта, барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб омодагии худро баён карданд.