2-юми март, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар доираи усули “Кӯча ба кӯча” дар кӯчаи Сомони 8-и ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» бо сокинон вохӯрӣ баргузор намуданд. Зимни вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроия, бо аҳолӣ…
2-юми март, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар доираи усули “Кӯча ба кӯча” дар кӯчаи Сомони 8-и ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» бо сокинон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроия, бо аҳолӣ вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуб ва таҳкими фазои солими иҷтимоӣ суҳбат анҷом доданд. Таъкид гардид, ки бетараф набудан нисбат ба масъалаҳои мубрами ҷомеа ва ҳамкории зич бо сохторҳои давлатӣ метавонад дар коҳиш додани падидаҳои манфӣ нақши муассир гузорад.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаи тозагию ободонӣ ва нигоҳдории муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифта, сокинон ба риояи қоидаҳои санитарӣ, тоза нигоҳ доштани гирду атрофи манзил ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ даъват карда шуданд.
Ҳамзамон, доир ба пешгирии пӯшиши либосҳое, ки ба фарҳанги миллии мо бегонаанд, андешаронӣ сурат гирифта, аҳамияти эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ таъкид шуд.
Гурӯҳи корӣ инчунин вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва муроҷиати саривақтӣ ба муассисаҳои тиббӣ тавсияҳо доданд. Дар баробари ин, масъалаҳои мубориза бар зидди хурофоту таассуб, бегонапарастӣ, зиёдаравӣ ва пешгирии таълимоти ғайриқонунии диннӣ мавриди матраҳ қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки чунин мулоқотҳои “Кӯча ба кӯча” ба баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон, таҳкими ҳамкории ҷомеа бо мақомоти маҳаллӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат менамоянд.