eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ “МАКТАБ БА МАКТАБ” БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ВАХШ
Главная
More
Исполнительный орган государственной власти города Левакант
Новости
ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ “МАКТАБ БА МАКТАБ” БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ВАХШ
Единый портал государственных услуг
9 марта 2026
ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ “МАКТАБ БА МАКТАБ” БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ВАХШ
3-юми март, муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон дар якҷоягӣ бо масъулини бахши маорифи МИҲД-и шаҳри Левакант дар доираи ташаббуси “Мактаб ба мактаб” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, бо сокинони деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки…
3-юми март, муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон дар якҷоягӣ бо масъулини бахши маорифи МИҲД-и шаҳри Левакант дар доираи ташаббуси “Мактаб ба мактаб” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, бо сокинони деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» вохӯрӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, аҳамияти онро ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми роҳнамо барои рушди устувори кишвар таъкид намуданд. Қайд гардид, ки татбиқи самараноки дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда ба пешрафти соҳаҳои маориф, иқтисод, иҷтимоиёт ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Ҳамчунин ба ҳозирин мазмуну муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дар бораи мақоми омӯзгор», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаҳмонида шуд. Зикр гардид, ки эҳтиром ба омӯзгор, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва риояи талаботи қонунгузорӣ дар баргузории маъракаҳо омили муҳими таҳкими ҷомеаи солим ба шумор меравад.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии ҷинояткорӣ, омилҳои номатлуб миёни ҷавонон, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, зиёдаравӣ ва таассуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Масъулин ба зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва худогоҳии миллӣ таъкиди махсус карданд.
Ҳамзамон масъалаи пешгирии истифодаи либосҳое, ки ба фарҳанги миллии мо бегонаанд, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ матраҳ гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ сокинон ба иштироки фаъолона дар корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуданд.
Таъкид шуд, ки саҳми ҳар як шаҳрванд дар ободии маҳал ва рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад.
Чунин вохӯриҳо дар доираи усули “Мактаб ба мактаб” ба таҳкими ҳамкории мақомоти маҳаллӣ бо аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти корҳои тарбиявӣ миёни ҷавонон мусоидат менамоянд.