3-юми март, мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим (ТТҲС) ва муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ бо усули “Хона ба хона” миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ намуданд. Зимни мулоқотҳо ба аҳолӣ оид ба пешгирии…
3-юми март, мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим (ТТҲС) ва муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ бо усули “Хона ба хона” миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ намуданд.
Зимни мулоқотҳо ба аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои майзадагӣ ва оқибатҳои манфии он ба саломатӣ ва муҳити оилавӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки майпарастӣ метавонад боиси афзоиши низоъҳои оилавӣ, коҳиши сатҳи тарбия ва таъсири манфӣ ба рушди ҷисмонию равонии кӯдакон гардад.
Ҳамзамон, масъулин вобаста ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, назорати доимӣ аз болои рафтору таҳсили онҳо ва ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои номатлуб ибрози назар намуданд. Зикр гардид, ки муҳити солими оилавӣ заминаи асосии ташаккули шахсияти солим ва ватандӯст мебошад.
Дар рафти суҳбатҳо инчунин манфиати ғизои солим, истифодаи донагиҳо ва маҳсулоти табиӣ барои таҳкими масуният шарҳ дода шуда, сокинон ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, нигоҳдории тозагӣ дар хона ва муҳити зист даъват гардиданд.
Мутахассисон масъалаи пешгирии ВНМО-ро низ мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои сироятёбӣ ва усулҳои муҳофизатро фаҳмонданд. Қайд гардид, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббӣ ва гузаштани ташхисҳои саривақтӣ барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ оид ба пешгирии терроризм ва экстремизм, хатарҳои андешаҳои ифротӣ ва роҳҳои муҳофизати ҷавонон аз таъсири гурӯҳҳои тундрав корҳои иттилоотӣ анҷом дода шуданд.
Ҳамзамон ба сокинон иттиловарақаҳо тақсим гардида, ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас дода шуданд.
Чунин чорабиниҳои “Хона ба хона” ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат менамоянд.