3-юми март, муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон ҳамроҳ бо масъулини бахши маорифи МИҲД-и шаҳри Левакант дар доираи усули “Мактаб ба мактаб” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 бо сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ аз ҷониби масъулин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуд. Қайд гардид, ки Паём ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян намуда, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, ба ҳозирин муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дар бораи мақоми омӯзгор», «Дар бораи масъулият дар тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаҳмонида шуд. Зикр гардид, ки ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, таҳкими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва ба низом даровардани маъракаву ҷашнҳо равона гардидаанд.
Дар рафти суҳбат ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, омилҳои номатлуб, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, зиёдаравӣ ва таассуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки ҷомеа бояд дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои номатлуб бетараф набошад ва барои тарбияи насли солиму ватандӯст саҳмгузор бошад.
Инчунин доир ба пешгирии истифодаи либосҳое, ки ба фарҳанги миллии мо бегонаанд, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ андешаҳо баён гашт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ масъалаи ҷалби сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардида, сокинон ба саҳмгузории фаъолона дар ободии маҳал даъват карда шуданд.
Чунин вохӯриҳо дар доираи усули “Мактаб ба мактаб” ба таҳкими робитаи байни муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон ва пешбурди сиёсати давлатии соҳаи маориф мусоидат менамоянд.