3-юми март, директори Муассисаи давлатии Маркази пешгирии ВНМО — Одинаев Беҳрӯз дар шӯъбаи амрозии дарунаи Беморхонаи марказии шаҳр бо кормандони соҳаи тандурустӣ вохӯрӣ намуд. Вохӯрӣ ба шарҳи муҳтавои "Барномаи миллии муқовимат ба эпидемияи вируси…
3-юми март, директори Муассисаи давлатии Маркази пешгирии ВНМО — Одинаев Беҳрӯз дар шӯъбаи амрозии дарунаи Беморхонаи марказии шаҳр бо кормандони соҳаи тандурустӣ вохӯрӣ намуд. Вохӯрӣ ба шарҳи муҳтавои "Барномаи миллии муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва гепатитҳои парентералии вирусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030" равона шуд.
Зимни баромади худ Одинаев Беҳрӯз ҳадаф ва самтҳои асосии барномаи миллиро муаррифӣ намуда, таъкид кард, ки татбиқи саривақтии он барои коҳиш додани сатҳи сироятёбӣ, беҳтар намудани ташхису табобат ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Қайд гардид, ки барнома пеш аз ҳама ба пешгирӣ, ташхиси барвақтӣ, фарогирии бештари аҳолӣ бо ташхис ва табобати зиддиретровирусӣ равона гардидааст.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ масъалаи пешгирии сирояти дохилибеморхонавии ВНМО мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Директори марказ ба кормандони тиб қоидаҳои риояи меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ, истифодаи дурусти воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, безараргардонии асбобҳои тиббӣ ва тартиби дурусти коркарди маводҳоро фаҳмонид.
Таъкид шуд, ки масъулияти асосӣ дар самти пешгирии сироятҳои дохилибеморхонавӣ маҳз ба зиммаи кормандони соҳаи тиб вогузор аст ва риояи қатъии дастурамалҳои соҳавӣ метавонад хавфи сироятро ба ҳадди ақал расонад. Ҳамчунин ба иштирокчиён оид ба алгоритми амал ҳангоми ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла ҳангоми осеб дидани корманд бо асбобҳои тезу буранда, маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифта, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи босамари барномаи миллӣ ва тақвияти чораҳои пешгирикунанда изҳор намуданд.
Чунин чорабиниҳои иттилоотию омӯзишӣ ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва масъулияти касбии кормандони тиб мусоидат намуда, барои таъмини бехатарии ҳам кормандон ва ҳам беморон заминаи мусоид фароҳам меоранд.